Ҷим Маттис хостааст, Амрико "баъзеҳоро" таҳрим накунад
Ҷим Маттис дар як баёнияе дар рӯзи 20-уми июл гуфт, Русия бояд барои “рафтори хашин ва нооромкунандааш” посух бидиҳад, аммо аз он набояд кишварҳое ҷазо бигиранд, ки Амрико бо онҳо ҳамкорӣ ба роҳ мемонад.
Вакилони амрикоӣ мехоҳанд, Иёлоти Муттаҳида ба зидди Русия бахусус соҳаи аслиҳасозии он таҳримоти васеъ эъмол кунад. Ҳоло нигарониҳо зиёд аст, ки Ҳинд, яке аз шарикони Амрико, вале яке аз харидорони асосии аслиҳаи Русия зери таҳрим мемонад.
Ҳинд солҳост, ки аз Русия аслиҳа мехарад ва чанде пеш бо он дар бораи хариди системаи мушакии S-400 музокира дошт.
