Трамп шарти лағви таҳримҳои зидди Русияро номбар кард
"Бе ин, ман масъалаи мазкурро баррасӣ намекунам", - афзуд президент.
Таҳримҳои зидди Русия соли 2014 дар робита ба ишғоли Қрим ва таҷовузи Маскав ба шарқи Украина ҷорӣ шуданд. Феълан тарҳи қонуни наве ба баррасии Конгресс пешниҳод шудааст, ки дар заминаи эҳтимоли дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016-и Амрико, Маскавро бештар дучори маҳдудият мекунад.
Тарҳи нав манъи амалиёти бонкӣ бо доллари амрикоӣ, манъи сармоягузорӣ ба қарзҳои давлатии Русия ва маҳдудият ба содироти технология барои соҳаи нафтро пешбинӣ мекунад.
Трамп дар суҳбат бо Reuters гуфт, ки 16-уми июл дар музокироти паси дарҳои баста бо президенти Русия Владимир Путин, масъалаи амнияти Исроил, вазъи Сурия, ишғоли Қрим ва таҷовузи Русия ба Шарқи Украина, ҳамчунин бунёди лӯлаи "Маҷрои Шимолӣ-2" баррасӣ шуд. Ба гуфтаи президенти ИМА, Путин дар вақти суҳбат масъалаи таҳримҳои Амрикоро матраҳ накард.
