Добавить новость
ru24.net
World News
Сентябрь
2018

Суқути киштие дар Танзания беш аз 100 нафарро қурбон кард

0
Беш аз 100 нафар дар натиҷаи суқути паром, ё киштии мусофирбаре дар кули Викторияи Танзания ҳалок шуд. Ин охирин рақамҳоест, ки пулис рӯзи 21 сентябр пахш кард.


Мақомот мегӯянд, эҳтимол теъдоди қурбониён бештар аз ин аст, зеро маълум нест, ки паром чӣ қадар мусофир дошт. Баъзе гузоришҳо теъдоди мусофиронро аз 200 то 300 нафар шумурдаанд. Амалиёти наҷот дар кули Виктория идома дорад. То ҳол 40 нафар аз об берун оварда шуд.


Сабаби чаппа шудани паром дар наздикии истгоҳи соҳилӣ маълум нест. Дар гузашта ҳодисаҳои мисли ин бинобар мусофирони аз ҳад беш дар киштиҳо номбар шудаанд.


Бузургтарин садама дар кули Виктория соли 1996 ба вуқуъ пайваст ва наздик ба 500 нафарро ҳалок кард.



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса