Добавить новость
ru24.net
World News
Ноябрь
2018

Теъдоди қурбониёни ҷашни мавлуди пайғамбар аз 50 нафар гузашт

0
Ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Кобули Афғонистон беш аз 50 кушта бар ҷой гузошт. Маргталаб 20 ноябр ба толори ҷашние ҳамла кард, ки дар он руҳониёни афғон ҷамъ омада буданд.


Намояндаи расмии Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, дар натиҷаи ҳамла беш аз 80 тани дигар низ захмӣ шуданд.


Мудири меҳмонхонае, ки ҷашни мавлуди пайғамбар дар он баргузор мешуд, ба хабаргузории AFP гуфт, ки маргталаб худро дар байни маърака мунфаҷир кард.


Масъулияти ин ҳамлаи пурқурбонии моҳи равонро то ҳол ҳеҷ гурӯҳе эътроф накардааст. Толибон баъди ҳамла дарҳол худро аз он канор гирифтанд. Сухангӯи ин гурӯҳи мусаллаҳ Забиҳуллоҳ Муҷоҳид бегоҳи 20 нобяр гуфт, ки ҷумбиши Толибон ҳамла ба мардуми мулкӣ ва рӯҳониёнро маҳкум мекунад.


Ҷангҷӯёни Толибон ва гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ", ки худро суннӣ меҳсобанд, дар гузашта борҳо  рӯҳониёни ҳамоҳанг бо ҳукумати Афғонистонро ҳадаф қарор доданд.



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса