Добавить новость
ru24.net
World News
Декабрь
2018

Як ҷавони узбекистонӣ ҷараёни хушкушиашро дар интернет намоиш дод

0
Ҷасади хонандаи 14-солаи узбекистониро роҳгузарон дар назди манзили зисташ дар шарқи шаҳри Москва пайдо карданд. Дар паҳлуи ин навҷавон телефони мобилаш афтода буд. Вай лаҳзаи худкушиашро бо сарзер шудан аз ошёнаи 16 ба воситаи пахши мустақим ба корбарони интернет нишон дод.


Расонаҳои Русия менависанд, ки ин ҷавон дар хонаводаи комил ба сар мебурд. Падару модараш зодагони Узбекистон ҳастанд.


Ба иттилои коргарони хадамоти иҷтимоӣ, волидони ҷавон гоҳҳо дар Узбекистон ва гоҳе дар Русия зиндагӣ мекарданд. Ҷавон, ки номаш ошкор нагудааст, фарзанди ягонаи хонавода буд.


Ӯ бештари вақташро ба бозиҳои компютерӣ сарф мекард. 16 декабр ҳам бо чунин тартиб сипарӣ шуд: ӯ нахуст дар кӯча сайру гашт кард, машруб нӯшид ва тақрибан соати 21:30 дақиқа ба боми бинои 16-ошёна баромад ва аз онҷо тавассути телефонаш мустақиман навор нишон дод.


Ӯ  дар лаҳзаҳои охири умраш гуфт, "аз ҳама чиз сер шудааст, ҳама чиз ба дилаш задааст" ва ба дӯстонаш муроҷиат кард. Наворро мустақиман ду корбари шабакаи иҷтимоӣ тамошо мекарданд. Яке аз онҳо талош кард, навҷавонро аз ин азмаш бозгардонад, дувумӣ баръакс талқин кард, ки худро партояд.


Баъд аз се дақиқаи шарҳнависӣ навҷавон худкушӣ кард.



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Анастасия Потапова

Потапова не смогла выйти в третий круг турнира в Индиан-Уэллсе






Какие события произошли в истории России в день 11 марта в разные годы

Певица PARSHINA рассказала, как выигрывать в детских музыкальных конкурсах

Wildberries создаст конкуренцию СДЭКу: новая доставка посылок между ПВЗ

В ОЭЗ «Большой Серпухов» запустят проекты по производству лекарств