Добавить новость
ru24.net
World News
Декабрь
2018

ИМА ба Туркия харидории "Патриот"-ро пешниҳод кард

0
Департаменти давлатии ИМА  ба Туркия харидории маҷмааи мушакии "Патриот"-ро пешниҳод кард. Арзиши ин муомилот 3,5 миллиард доллар аст. Дар ин бора вазорати мудофиаи ИМА хабар додааст.


Анкара аз Амрико харидории чаҳор маҷмааи мушакӣ бо 20 дастгоҳи партобкунанда ва 80 шабакаи зиддимушакиро дархост карда буд. Пешниҳоди фурӯши "патриот" ба Туркия дар ҳоле матраҳ шуд, ки соли гузашта Анкара бо Маскав барои харидани маҷмааи мушакии С-400 шартнома имзо кард. 


Туркия узви НАТО буда, намояндагони ИМА ва НАТО борҳо Туркияро огоҳ карданд, ки маҷмааи зиддимушакии истеҳсоли Русия набояд дар ҳарими ҳавоӣ ва низоми мудофиаи паймон ба кор бурда шавад. Вашингтон талош кард, Анкараро ба харидани маҷмааи зиддимушакии "Патриот" ҷалб созад. ИМА гуфта буд, харидани силоҳ аз Русия метавонад, боиси эълони таҳримҳои зидди Туркия шавад. Аммо мақомоти Туркия посух доданд, ки маҷмааи зиддимушакии амрикоӣ бо маҷмааи зиддимушакии С-400 Русия баробар шуда наметавонад.


Охири моҳи ноябр вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфт, ки созишномаи харидории маҷмааи зиддимушакии С-400 наметавонад, бекор шавад. Дар ҳамин ҳол вай шарҳ дод, ки кишвараш ба харидани аслиҳа аз ҳампаймонҳои Туркия дар НАТО бартарӣ медиҳад.



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Рыбакина и Путинцева узнали свои места в новом рейтинге WTA






Кусочек Кузбасса оказался самым дорогим курортом в России

Вторичный рынок оказался в руках продавцов: эксперты рассказали, сколько это продлится

Кикшеринговая компания готова предоставить самокаты полиции Новосибирска

Суд продлил срок ареста пасынку Стаса Намина, обвиняемого в убийстве бабушки и сводного брата