Добавить новость
ru24.net
World News
Декабрь
2018

Reuters: Амрико нерӯҳояшро аз Сурия берун мебарад

0
Хабаргузории Reuters рӯзи 19 декабр бо такя ба манбаҳояш дар ҳукумати Арико гуфт, ки ИМА эҳтимол тамоми нерӯҳояшро аз Сурия берун мекунад.


Ҳамзамон президенти ИМА Доналд Трамп дар твиттер навишт, ки "шикасти ДИИШ ягона сабаби ҳузури мо дар Сурия буд".


Ба гуфтаи Reuters, қарори берун шудан аз Сурия дар ҳоле матраҳ шуд, ки гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" қариб тамом қаламравҳои таҳти назораташро аз даст дод.


Аз сӯи дигар вазири дифои ИМА Ҷеймс Маттис дар гузашта борҳо гуфта буд, ки ҳузури тӯлонитари нерӯҳо дар Сурияро пешбинӣ мекунад. 


Ба гуфтаи нашрияи The Wall Street Journal, ИМА барнома дорад нерӯҳояшро аз шимолу шарқи Сурия, ки дар онҷо артиши Амрико ба дастаҳои Курд кӯмак мерасонад,  комилан хориҷ кунад. Беш 2 ҳазор нерӯи ИМА дар ин минтақа мустақар аст.


Ҳафтаи гузашта президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз оғози амалиёти зудрас бар зидди Курдҳои Сурия хабар дод. Эрдуғон рӯзи душанбе гуфт, ки амалиёт метавонад " ҳар лаҳза"  оғозшавад. 



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Андреева — вторая самая юная теннисистка, выигравшая стартовые матчи на шести турнирах WTA-1000 подряд






Нужен кипяток и ножницы: как продлить жизнь букету

Песков призвал к скорейшим консультациям СБ ООН по Сирии

Блогерша Митрошина признала вину: отмытие средств на 127 млн рублей

Братские могилы, казни, месть: исламисты уничтожили более тысячи сирийцев