Аз суқути як пули мошингард дар Италия якчанд нафар кушта шуд
Бар асари суқути як пули мошингард дар шаҳри Генуя, воқеъ дар шимоли Италия, якчанд нафар кушта ва захмӣ шуд. Маълумоти дақиқ дар робита теъдоди қурбониҳо дастрас нест. Ин пул дар Генуя соли 1960 бунёд шуд ва баландияш даҳҳо метр гуфта мешавад. Бинобар иттилои пешаки пораҳои пули шикаста ба хонаҳои мардум афтидааст. Маълум нест, ки ҳангоми суқути пул мошине дар он ҳаракат мекард ё хайр. Вазири нақлиёти Италия Данило Тонинелли ҳодисаро "фоҷеи бузург" унвон кард. Тафсилот нашр мешавад