Дар Қазоқистон 683 ҳолати нави сироят ба коронавирус сабт шудааст
Дар як рӯзи охир дар Қазоқистон 645 ҳолати нави мубталошавӣ ба COVID-19 ва 38 ҳолати дигар ба "илтиҳоб" ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин дар он кишвар дар як рӯзи охир 7 тан аз вабои коронавирус фавтидааст. Дар маҷмуъ, шумори гирифторони вабои коронавирус дар Қазоқистон ба 157 ҳазору 579 кас расидааст. Шуруъ аз 13 марти соли 2020 то рӯзи 3 январи соли 2021 дар Қазоқистон аз ин вабо 2336 кас фавтидааст. Ба иттилои мақомоти тандурустии Қазоқистон, айни ҳол 22 ҳазору 710 кас дар беморхонаҳо табобат мегиранд. Читать дальше...