Трамп гуфт, Чину Эрону Русия муштоқи дидани шикасти ӯ дар интихобот ҳастанд
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки ҳукуматаш ҳушдори раҳбари як идораи иттилоотӣ дар бораи мудохилаи эҳтимолии Русияву Чин ва Эрон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябрро мӯшикофона меомӯзад.
Айни замон ба бовари Доналд Трамп, ҳеҷ яке аз ин кишварҳо намехоҳанд, ӯ дар интихобот пирӯз шавад. Доналд Трамп ҳангоми нишасти хабарие дар рӯзи 7-уми август дар Вашингтон гуфт, ки Амрико “нигоҳ мекунад, ки он се кишвар чӣ кор мекунанд”. Ӯ ба суоле дар бораи ҳушдори Билл Эванин, раҳбари Маркази Амнияти Иттилоотии Амрико посух дод, ки гуфт, Русияву Чин ва Эрон қасд доранд, ба ҷараёни интихоботи Амрико таъсир гузоранд.
Ӯ афзуд, ки Чин мехоҳад, Доналд Трамп дар интихобот шикаст хӯрад, Русия саъй дорад, рақиби Трамп, Ҷо Байденро заиф кунад ва Эрон талош мекунад, то пояҳои институтҳои демократӣ дар Амрико суст шаванд. Доналд Трамп гуфт, Русия ҳеҷ гоҳ намехоҳад, ки ӯ раиси ҷумҳур шавад, “чун ҳеҷ касе ва ҳеҷ гоҳ ба ғайр аз Доналд Трамп бо Русия сахтгирӣ накардааст.”
Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, Эрон ҳам муштоқи бохтани ӯст, вале афзуд Доналд Трамп, “агар мо бибарем, бо Эрон зуд созиш мекунем”. Доналд Трамп афзуд, Чин мехоҳад, ки Ҷо Байден дар интихобот пирӯз шавад ва агар чунин коре шавад, ба гуфтаи Трамп “Чин Амрикоро аз худ мекунад”.