Баландтарин неругоҳи барқи офтобии ҷаҳонро дар Тоҷикистон сохтанд
Дар баёнияи USAID омадааст, ки неругоҳи барқи офтобӣ барои тақвияти тавоноии неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон” насб шуд, ки 1.5 мегаватт неруи барқ ҳосил мекунад. Мурғоб, баландтарин ноҳияи Тоҷикистон, ки 3600 метр баландтар аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, аз маҳаллҳои дурдаст ба ҳисоб меравад ва 6 000 сокини он аз шабакаи барқи “Помир Энержӣ” ҷудо ва аз неруи барқи мунназам ва кофӣ маҳрум будаанд.
Дар баёнияи расмӣ омадааст, ки неругоҳи нав имкон медиҳад, таъмини мардум бо неруи барқ дар ҷараёни рӯз 50 дар сад зиёд шавад, ки дар ниҳоят сатҳи зиндагии онҳоро беҳтар ва ба рушди иқтисодии Мурғоб мусоидат мекунад.
