"Азиз Юлдош, раҳбари Ҳаракати исломии Узбекистон кушта шуд"
Дар эъломия замони анҷоми амалиёт зикр нашуда, аммо гуфта шудааст, ки фарзанди Азиз Юлдош захм бардоштааст.
Вазорати дифои Афғонистон гуфтааст, ки Азиз Юлдош фарзанди Тоҳир Юлдош, раҳбари пешини Ҳаракати исломии Узбекистон буд. Юлдош ва афроди мусаллаҳаш дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, ба вижа Форёб фаъолият дошт.
Худи Тоҳир Юлдош - пешвои собиқи Ҳаракати исломии Ӯзбакистон соли 2009 дар натиҷаи зарбаи мушакии ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар як минтақаи қабоилнишини Покистон кушта шуд.
Аксари аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбакистонро зодагони Осиёи Марказӣ аз ҷумла тоҷикон ташкил медиҳанд ва дар гузашта даҳҳо нафар дар Тоҷикистон бо гуноҳи узвият дар ин созмон ба зиндон маҳкум шудаанд.
