Адвокати тоҷик дар Русия ба КОВИД-19 сироят ёфтааст
Ин адвокати шинохта, ки наздики чор сол дар Тоҷикистон зиндонӣ буд, пас аз озодӣ барои кор ба Русия рафт.
Дар як тамоси катбӣ ӯ ба Радиои Озодӣ навишт, ки ҳафтаи гузашта баъди танг шудани нафаскашиаш ва то 40 дараҷа боло рафтани ҳарорати баданаш кормандони тиб ӯро ба беморхона интиқол додаанд.
Ӯ гуфт, ки пас аз муоинаи пизишкон андаке саломатиаш беҳ шудааст.
“Рузи 6 уми ноябр табам баланд шуд ва нафаскашиам мушкил гардид. Пизишкон гуфтанд, ки дучори КОВИД-19 шудаам”,-гуфт, Шуҳрат Қудратов.
Шӯҳрат Қудратов дар моҳи июни соли равон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “баъд аз раҳоӣ аз маҳбас зери фишори мақомот қарор гирифт ва ночор кишварро тарк кард".
Ӯ ба Русия омад ва баъди дарёфти ҳаққи адвокатӣ дар ин кишвар ба фаъолияташ идома дод.
Дар моҳи июли соли равон Шуҳрат Қудратов, аз фаъоли ҷомеъа Қадам Исматов ҳимоят кард. Исматов пас аз боздошташ дар Русия хатари истирдод ба Тоҷикистон таҳдид мекард. Аммо бинобар бардурӯғ будани маълумоти пулиси Саратов нисбати номбурда дар зинаи аввали додгоҳӣ пирӯз шудаанд.
Мақомот Шуҳрат Қудратовро соли 2014 бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир карданд. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи январи соли 2015 ӯро ба нӯҳ соли зиндон маҳкум кард, вале баъдан Додгоҳи олӣ ҳукмро тағйир дод ва то 3 солу 8 моҳ поин овард.
Бисёре аз ҳомиёни ҳуқуқ ва тарафдоронаш он замон аз амалкардҳои ҳукумат интиқод карданд, ки Шуҳрат Қудратовро барои дигарандешиаш ба зиндон андохтаанд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва аз ҷумла Порлумони Аврупо ҳам аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Шуҳрат Қудратовро аз зиндон озод кунад.
Шуҳрат Қудратов, рӯзи 23-юми августи соли 2018 пас аз поёни мӯҳлати адои ҷазо аз зиндон озод шуд.
Шӯҳрат Қудратов аз ҷумлаи вакилони дифоест, ки дар қазияҳои пурсарусадо, ба мисли қазияи Зайд Саидов, Ёқуб Салимов, Диловаршо Қосимов ва Ҷӯрабек Охунов, аз ҳуқуқи онҳо дар додгоҳ ҳимоят кардааст.