Добавить новость
ru24.net
World News
Ноябрь
2020
1 2 3 4
5
6 7
8
9 10 11 12 13
14
15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30

Раҳбарони Арманистон ва Озарбойҷон аз нақши Русия дар мавриди Қарабоғ гуфтаанд

0
Дафтари матбуотии сарвазири Арманистон аз қавли Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ки арманиҳо дар ҷанг “ҳамеша дастгирии Русияро эҳсос мекарданд”.


Ба гуфтаи манбаъ, ин ҳарфро Лавров замони сафар ба Арманистон гуфтааст.


Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷӣ ва Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, бо Никол Пашинян, сарвазири Арманистон рӯзи 21-уми ноябр мулоқот кардаанд.


Никол Пашиниян пас аз имзои созиши оташбас дар мавриди Қаробоғи Кӯҳи зери фишори мухолифон қарор дорад.


Мақомҳои баландпояи Русия пас аз Арманистон ба Озарбойҷон сафар кардаанд. Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон дар мулоқоташ бо ин ҳайат аз  "нақши шахсӣ" -и Путин таъкид карда, гуфтааст, ӯ ба хатми низоъ мусоидат кардааст.


Барқарории оташбас миёни Арманистону Озарбойҷон рӯзи 10-уми ноябр ва бо миёнравии Русия сурат гирифт. Даргирӣ миёни ду тараф шаш ҳафта идома кард. Аз кушта шудани ҳазорҳо кас гузориш шудааст. Русия бо фиристодани нерӯҳои ҳофизи сулҳаш дар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ гуфтааст, ин нерӯҳо барқарории оташбасро назорат хоҳанд кард. Қаробоғи Кӯҳӣ ҳамчун бахше аз Озарбойҷон ба расмият шинохта шуда, аммо бахши зиёди аҳолии он арманиҳо ҳастанд ва ҳокимияти Озарбойҷонро дар онҷо напазируфтаанд.



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Рублёв: мой уровень далёк от уровня топ-10






В Петербурге откроют новый филиал Музея обороны и блокады Ленинграда

«Спартак» обыграл «Локомотив» в матче КХЛ

Двух детей сбили на "зебре" на юго-востоке Москвы

Ночной полёт: Ирина Хакамада, Марк Богатырёв и Василиса Перелыгина