Добавить новость
ru24.net
World News
Апрель
2021

Баъди эътирозҳо дар Покистон шабакаҳои иҷтимоиро муваққатан бастанд

0
Баъди чанд рӯзи эътирозҳои хушунатомези тарафдорони ҳизби ифротии исломӣ, мақомоти покистонӣ муваққатан чанд шабакаи иҷтимоиро масдуд карданд. Вазорати дохилӣ рӯзи 16-уми апрел ба мақомоти мухобироти Покистон амр доданд, ки дастрасӣ ба шабакаҳои  Twitter, Facebook, WhatsApp, YouTube ва Telegram аз соати 11 то 15-и вақти маҳаллӣ масдуд шавад. Дар матни қарори мақомот сабаби мушаххаси чунин амр гуфта нашудааст, вале оҷонсии  Reuters бо такя ба мақомоти мухобироти Покистон гуфт, ин иқдом ба хотири таъмини “тартибу амнияти ҷамъиятӣ” гирифта мешавад.


Дар ҳафтаи ҷорӣ баъди ҳабси раҳбари ҳизби “Таҳрики Лаббайки Покистон” ҳазорҳо тарафдорони он бо ходимони полис даргир шуданд. Онҳо, ки зидди нашри карикатураҳои Муҳаммад пайғамбар дар  Фаронса баромад мекарданд,  талаб намуданд, ки сафири Фаронса аз Исломобод хориҷ карда шавад.  Рӯзи 15-уми апрел дар эътирозҳои зидди Фаронса дар  Покистон панҷ нафар, аз ҷумла ду ходими полис кушта шуданд. Сафорати Фаронса аз шаҳрвандонаш хост, ки хоки Покистонро тарк кунанд.


Рӯзе аз ин пеш ҳукумати Покистон ҳушдор дод, ки бар асоси қонуни зидди терроризм ҳизби “Таҳрики Лаббайки Покистон”-ро мебандад.



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Медведев опустился на одну строчку в рейтинге ATP






У великой Тарасовой вымогали деньги прямо на похоронах отца! За что с нее просили 5000 долларов?

Кадеты Росгвардии стали участниками традиционного Пушкинского бала в Иркутской области

Сложную операцию провели впервые в Приморском крае

В январе в Перми начало дорожать вторичное жилье