Добавить новость
ru24.net
World News
Апрель
2021

Мақомоти Чехия як ҷосуси русро меҷӯянд, ки шиносномаи тоҷикӣ доштааст

0
Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Чех ду корманди хадамоти истихборотии Русияро, ки яке бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон соли 2014 вориди ин кишвар шудааст, таҳти ҷустуҷӯ қарор дод.


Ин ду нафар, ки бо исми Руслан Табаров, шаҳрванди Тоҷикистон ва Николай Попа, шаҳрванди Молдов ба ҷумҳурии Чех сафар кардаанд, дар гузашта бо исми "Александр Петров" ва "Руслан Боширов" дар заҳролудсозии Сергей Скрипал, ҷосуси собиқи рус дар Бритониё, муттаҳам шуда буданд.


Мақомоти Чех низ онҳоро дар инфиҷори анбори нигаҳдории аслиҳа дар ин ҷумҳурӣ дар соли 2014 гумонбар медонанд.


Расонаҳои чехӣ навиштаанд, ки “моҳи октябри соли 2014 кормандони ГРУ-Сарраёсати ҷосусии вазорати дифои Русия бо истифода аз шиносномаҳои тоҷикӣ ва молдовӣ вориди хоки ин кишвар шудаанд ва ҷиноят содир кардаанд.”


Дар шиносномаи тоҷикии Руслан Табаров таваллуди ӯ рӯзи 23-уми октябри соли 1975 навишта шудааст.


Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз шарҳ надодаанд, ки шиносномаи ин нафар воқеист, ё қалбакӣ. Рӯзи 18-уми апрел дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки тафтиши дурустии ин хабар дар рӯзи якшанбе, бинобар сари кор набудани аксари кормандон, мушкил аст ва рӯзи душанбе дар ин бора хабар медиҳанд.


Қаблан низ расонаҳо хабар дода буданд, ки яке аз ҳамлагарон ба Сергей Скрипал дар Бритониё зодаи шаҳри Душанбе аст, вале дигар тафсилоте дар ин бора нашр нашуд. Ин бори дуюм аст, ки исми яке аз ҳамлагарон ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон расонаӣ мешавад.




Ин ду нафар замоне дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор гирифтанд, ки ҷумҳурии Чех дастури ихроҷи 18 дипломати рус аз ин кишварро дод.


Мақомоти Чех гуфтанд, ки даст доштани дипломатҳои рус дар таркиши анбори аслиҳа исбот шудааст.


Андрей Бабиш, сарвазири ҷумҳурии Чех рӯзи 17-уми апрел гуфт, ки дар бораи даст доштани хадамоти махсуси Русия дар таркиши анбори лавозимоти ҷангӣ дар Врбетитсе далелҳои раднопазире рӯи даст аст.


Дар натиҷаи таркиши анбори аслиҳа дар соли 2014 дар наздикии марзи Чех ва Словакия ду нафар кушта шуданд.


Ян Гамачек, вазири корҳои дохилии Чех гуфт, ба дипломатҳое, ки кормандони хадамоти иктишофӣ шинохта шудаанд, амр дода шудааст, ки давоми 48 соат ҷумҳурии Чехро тарк кунанд.


Пас аз ин пулиси Чех ду гумонбарро таҳти ҷустуҷӯ қарор дод.


Дар хабари сомонаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Чех акси онҳое нашр шудааст, ки қаблан бо исми Боширов ва Петров вориди Бритониё шуда буданд ва ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, Сергей Скрипал, ҷосуси собиқи рус ва духтарашро заҳролуд сохтанд.


Гуруҳи тафтишотии Bellingcat дар як таҳқиқоти худ дар ду соли пеш ба хулосае омада буд, ки номҳои аслии Боширова и Петрова – Алексей Чепига ва Александр Мишкин буда, онҳо кормандони ГРУ, хадамоти иктишофии Русия ҳастанд.


Ду гумонбар тирамоҳи соли 2018 дар сӯҳбат бо телевизиони русии RT, гуфтанд, ки соҳибкоранд ва ҳамчун сайёҳ ба Солсберӣ рафта буданд. Онҳо ҳамкори бо мақомоти қудратиро рад кардаанд. Пас аз ин суҳбат онҳо дигар боре бо хабарнигорон мулоқот накардаанд.






 



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
US Open

Двукратного чемпиона «Больших шлемов» в паре Перселла временно отстранили за употребление допинга






Пушков призвал датчан следить за Фредериксен из-за страха российских атак

Хороших новостей нет: "После СВО сразу же начнётся что-то другое" - Стешин

Сын, измены, алкоголь. Продюсер раскрыл подробности жизни Пьера Нарцисса

Рейтинг строительной компании «Самолет» пошел на снижение