Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Ироқ ва Тайланд
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии лӯстона миёни тимҳои миллии Ироқ ва Тоҷикистон 24-уми май дар Варзишгоҳи байналмилалии шаҳри Басра баргузор мешавад.
Шогирдони Усмон Тошев бозии дӯстонаро бо мунтахаби Тайланд 29-уми май дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб анҷом хоҳанд дод.
Ёдовар мешавем, Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мизбонони мусобиқаҳои мутамарказонидашудаи марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро, ки аз 31-уми май то 15-уми июн баргузор мешаванд, тасдиқ кард.
Мунтахаби Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи «F» шомил аст, бозиҳои моҳи июнро муқобили тимҳои миллии Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) дар Ҷопон баргузор мекунад.
Ҳоло дар гурӯҳи "F" мунтахаби Ҷопон бо 15 имтиёз аз 5 бозӣ мақоми аввалро касб намудааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 10 имтиёз аз 6 бозӣ дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 7 имтиёз дар ҷойи севум аст. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.
Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.
Бозиҳои дӯстона
24-уми май (душанбе)
Ироқ – Тоҷикистон
Басра, Ироқ
29-уми май (шанбе)
Тайланд – Тоҷикистон
Дубай, Имороти Муттаҳидаи Араб