Добавить новость
ru24.net
World News
Апрель
2021

Ғорнишинҳои Покистон: “Мо аз ҷанг гурехта инҷо омадем”. ВИДЕО

0
Гуруҳе аз сокинони вилояти Вазиристони ҷанубӣ дар Покистон ғорҳоеро дар наздикии марз бо Афғонистонро барои худ сарпаноҳ ихтиёр кардаанд.


Муҳаммад Мӯсо, аз ҷумлаи ғорнишинҳо ҳаст, ки мегӯяд, ҷойи дигаре барои зист надошт ва ба ғор паноҳ овардааст.


“Ҳеч манбаи даромаде надорем. Падару бобоёни мо чунин зиндагӣ кардаанд, ҳамин шеваи зиндагиашон буд. Азбаски ҷойи дигаре барои иқомат надорем, инҷо мондаем”,--гуфт ӯ.


Видеоро ин ҷо тамошо кунед.




Баъзеҳоро ҷанг беҷо кардааст. Ҳукумати Покистон бо боқимондаҳои Толибу дигар тундравон меҷангад.


Муҳаммад Мӯсо мегӯяд, “рустоҳои минтақаи мо аз ҷанг осеб диданд, инҷо ҳадди аққал дар оромӣ зиндагӣ мекунем".


Ӯ ба хабарнигор мардеро нишон медиҳад, ки бемор аст.


Аз ӯ Ниёз Муҳаммад ном мебаранд. Ӯ гуфт, ки “дасту пойҳояш месӯзанд, мехоранд ва коре карда наметавонад.”


Ҷовидулло, ғорнишини дигар мегӯяд, аз оташи ҷанг ин ҷо паноҳ бурдаанд.


Ӯ гуфт, аксари ғорнишиниҳо аз тарси марг ин ҷо фирор кардаанд. “Чунки инҷо ҷанг аст, пештар ғорҳо холиву чангзада буданд. Баъди бад шудани авзоъ мо покиза кардем. Касоне, ки хона доранд, дар хонаашон зиндагӣ мекунанд, мо дар инҷо",--гуфт ӯ.


Дар ин ғорҳо масҷид низ ҳаст, ки мардуми маҳал ибодат мекунанд.


Муҳаммад Умар Сарароғо, муллои маҳалла мегӯяд, “ин ғорҳо аз 3 то 5 аср умр доранд. Ин минтақаро Шалманзай, як ноҳияи Сарароғо меноманд. Инҷо бо номи Рандапал шинохта шудааст ва инҷоро масҷиди Рандапал меноманд.”


Авзоъ дар Вазиристони ҷанубӣ ноором аст. Баъди ҳамлаи маргбори Толибони Покистон дар моҳи феврал неруҳои амниятӣ ду минтақаи инҷоро муҳосира кардаанд.



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Теннисистка Потапова стремится в топ-20 мирового рейтинга WTA в 2024 году






Россиянин напал с ножом на покупателей и персонал магазина

Сергунина: Более 90 мероприятий подготовили в Москве ко Дню российского студенчества

Ефимов: В 2024 году в Москве согласовали 129 архитектурных концепций объектов социальной инфраструктуры

Экс-адвокату Пашаеву вменили новый эпизод мошенничества