Добавить новость
ru24.net
World News
Апрель
2021

ФСБ гуфт, тарҳи сӯиқасд ба Лукашенкоро ошкор кардааст

0
Хадамоти амнияти федеролии Русия (ФСБ) ва Кумитаи давлатии амнияти Беларус (КГБ) аз боздошти афроде хабар доданд, ки гӯиё нақшаи қатли Александр Лукашенко ва табаддулоти давлатӣ дар Беларусро доштаанд.


Кормандони ФСБ-и Русия ҳуқуқшинос Юрий Зенков, шаҳрванди Беларус, ки ҳамзамон шаҳрвандии ИМА-ро дорад, ҳамроҳ бо Александр Федута, сиёсатмадор боздошт кардаанд.


Хадамоти амнияти федеролии Русия бо нашри наворе хабар додааст, ки онҳо нақшаи қатли Александр Лукашенкоро доштанд ва ин нақшаи худро бояд рӯзи 9-уми май ҳангоми таҷлили ҷашни "Ғалаба" амалӣ мекарданд.


Дар ин нақша гӯиё онҳоро "як генерал" низ ҳамроҳӣ мекардааст, вале аз ӯ ном бурда намешавад.


Александр Лукашнеко дар изҳороте гуфт, ки "мақомоти баландпояи ИМА ба қатли ӯ ва фарзандонаш розигӣ додаанд."


Иттилое, ки ҳеҷ мақоми амрикоӣ онро тасдиқ накардааст.


Норизоияти сокинон ба президентии Александр Лукашенко аз моҳи августи соли гузашта давом дорад.


Ӯ аз соли 1994 раҳбари Беларус аст ва дар интихоботи 9-уми август низ ӯро ғолиб донистанд. Мухолифон мегӯянд, интихобот шаффоф набуд.


Садҳо нафар барои эътироз зидди Лукашенко дар Беларус боздошт шудааст.



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Тарпищев: в 2025 году Мирра Андреева может войти в первую десятку WTA






Россиян на борту разбившегося в Южной Корее самолета не нашли

Спектакль Астраханского ТЮЗа вошел в шорт-лист конкурса «Театр Победы»

Музей Победы пригласил на новогодние каникулы

Около 2 тыс человек пришли в президентскому дворцу Обрелиани в Тбилиси