Добавить новость
ru24.net
World News
Май
2021

Натоиҷи се бозии даври ҳафтуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон

0
Даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо се бозӣ ба поён расид. Дар як дидор мизбонон, дар яктоаш меҳмонон ғолиб шуданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом пазируфт.


Дар даври ҳафтум «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Бо ҳамин ҳисоб «Хатлон»-и Бохтар дар майдони худ «Кӯктош»-и Рӯдакиро мағлуб кард. Бозӣ миёни дастаҳои «Душанбе»-и Душанбе ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.


Баъди натиҷагирии ҳафт даври мусобиқа дар ҷадвал “Хуҷанд” бо 13 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. “Хатлон” бо 9 имтиёз дар зинаи дуюм ва “Файзканд” бо 8 мтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудаанд.


Бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 21-22-юми май баргузор мешаванд.


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021


Лигаи олӣ. Даври 7-ум


«Эсхата» – «Истиқлол» – 0:2


Голҳо: Салам Ашурмамадов, 55 (0:1). Рустам Соиров, 90+2 (0:2).


Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).


Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).


16-уми май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 4000 тамошобин.


 


«Душанбе» – «Истаравшан» – 1:1


Голҳо: Илҳом Баротов, 45+4 – аз пеналти (0:1). Амир Меъморӣ Манеш, 62 (1:1).


Беҳтарин бозигари дидор: Иззатулло Рӯзиев («Душанбе»).


Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).


16-уми май. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.


 


«Хатлон» – «Кӯктош» – 2:0


Голҳо: Тоҳир Тағойзода, 3 (1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 81 (2:0).


Беҳтарин бозигари дидор: Тоҳир Тағойзода («Хатлон»).


Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).


15-уми май. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 4000 тамошобин.


 


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа 



 Ҷ


 ДАСТАҲО


Б


Ғ


М


Б


Т


И


1


«Хуҷанд» (Хуҷанд)


6


4


1


1


14-5


13


2


«Хатлон» (Бохтар)


6


2


3


1


7-5


9


3


«Файзканд» (Восеъ)


5


2


2


1


5-4


8


4


«Эсхата» (Хуҷанд)


7


2


2


3


11-11


8


5


«Истаравшан» (Истаравшан)


6


2


2


2


7-7


8


6


«Душанбе» (Душанбе)


6


2


2


2


10-12


8


7


«Кӯктош» (Рӯдакӣ)


7


2


2


3


7-13


8


8


«Истиқлол» (Душанбе)


3


2


1


0


4-1


7


9


«Равшан» (Кӯлоб)


6


1


2


3


5-8


5


10


ССКА (Душанбе)


6


1


1


4


5-9


4



 


Нишонзанҳо: Артём Сердюк («Хуҷанд»), Акобир Тураев («Эсхата») – 5-тӯбӣ, Люк Менҷана Леонел («Душанбе») – 4 тӯб, Абдухалил Боронов («Файзканд»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон») – 3-тӯбӣ.


Даври 8-ум


21-уми май (ҷумъа)


Оғози бозиҳо – соати 17:00


«Кӯктош» – ССКА


«Файзканд» – «Душанбе»


22-юми май (шанбе)


Оғози бозиҳо – соати 17:00


«Истаравшан» – «Хатлон»



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Определилась первая соперница Елены Рыбакиной на «тысячнике» в Индиан-Уэллсе






Жители Коломны могут проголосовать за установку камер во дворах или подъездах

Главу комитета по охране окружающей среды Ростова задержали по подозрению в передаче взятки

Очевидцы сообщили о взрыве в отделении банка в московском ТЦ

Городская администрация рассказала, где в Брянске купить цветы к 8 Марта