Добавить новость
ru24.net
World News
Май
2021

Путин гуфт, бо президенти Қирғизистон дар Сочи мулоқот мекунад

0
Президенти Русия Владимир Путин эълон кард, ки рӯзи 24-уми май дар шаҳри Сочи президенти Қирғизистон Содир Ҷабборовро ба ҳузур мепазирад. Рӯзи 18-уми май зимни суханронӣ дар маросими қабули эътиборномаҳои сафирони хориҷӣ Путин гуфт, ки бо вуҷуди ҳамкориҳои “муваффақ” дар чандин бахш, ду ҷониб  бояд дар фикри тақвияти шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои  дуҷониба бошанд.  Ин дуюмин мулоқоти ду раҳбар дар соли ҷорӣ хоҳад буд.  


Мулоқоти ду раҳбар дар ҳоле барпо мешавад, ки охири моҳи апрел ва аввали маи имсол дар як муноқишаи марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон даҳҳо нафар аз ҳарду тараф кушта шуданд ва баъди ин дар мулоқот бо президнети Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Русия Путин ҷонибдории худ ба оташбасу субот дар минтақаро таъкид кард. Маълум нест, ки то куҷо дар мулоқоти Путину Ҷабборов мавзӯи низои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон матраҳ мешавад. Маскав шарики деринаи сиёсиву иқтисодии Душанбе ва Бишкек ба шумор меравад ва ин кишварҳо аъзои созмони низомию сиёсии СПАД ҳастанд.


Дар сафари нахустини имсолаи худ ба Русия, ки моҳи феврал баргузор шуд, Содир Ҷабборов бо президент Путин ва нахуствазири Русия Михаил Мишустин мавзӯи ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳояшонро баррасӣ карда буд.  



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Рейтинг ATP. Циципас вернулся в топ-10, Махач дебютировал в топ-20






Завершены монолитные работы в четвертой очереди жилого комплекса «Селигер Сити»

Специалист Бархота: мошенники могут научиться обходить запрет на выдачу кредита

Оборот пищевой промышленности Москвы показал рост в 10% по итогам 2024 года

Генетик Кузнецова исключила возможность вспышки лихорадки денге в России