Добавить новость
ru24.net
World News
Июнь
2021

Раман Протасевич ва дӯстдухтари ӯро аз зиндон ба ҳабси хонагӣ гузарониданд

0
Волидони рӯзноманигори зиндонӣ Раман Протасевич ва дӯстдухтари ӯ София Сапега мегӯянд, ки онҳоро аз зиндоне, ки то ба ҳол нигоҳдорӣ мешуданд ба ҳабси хонагӣ гузарониданд.


Дмитрий Протасевич падари Раман рӯзи 25-уми июн ба радиои BBC гуфт, намедонам чаро мақомот чунин тасмим гирифтанд ва афзуд "шояд ӯро ба ягон бозии сиёсӣ ҷалб кардаанд."


"Вакили мудофеъ ва мақомот дар ин бора чизе намегӯянд. Агар шакли ҳабси пешакӣ иваз шуда бошад, ин танҳо шароити нигоҳдории онҳоро тағйир медиҳад. Ба ҷуз ин оянда чӣ хоҳад шуд, маълум нест.” -, мегӯяд Протасевич. Падарандари София Сапега низ тасдиқ кард, ки ӯро ба ҳабси хонагӣ интиқол доданд ва дар як манзили хурде дар Минск танҳо нигоҳ дошта мешавад. BBC аз қавли Сергей Дудич навишт,  "Мо дар ҳолати шок қарор дорем".


Рӯзи 23-уми май, мақомоти Беларус як ҳавопаймои низомиро барои дар фурудгоҳи Минск фуруд овардани ҳавопаймои мусофирбари  Ryanair, ки аз ҳарими ҳавоии Белорус мегузашт сафарбар карданд.    Бисёр кишварҳо ин кирдори Минскро "ҳавопайморабоии давлатӣ" унвон карданд. Пас аз фуруд омадани ҳавопаймо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Протасевич блогери мухолифин ва дӯстдухтари русаш Сапегаро боздошт карданд. 


Иттиҳоди Аврупо дар посух ба ин ҳодиса рӯзи 24-уми июн алайҳи бахшҳои калидии иқтисоди Беларус ва сарчашмаҳои асосии даромади режими худкомаи Александр Лукашенко, аз ҷумла содироти нӯриҳои калий, саноати тамоку, нафт ва маҳсулоти нафту кимиё таҳрим ҷорӣ кард. Режими Лукашенко пас аз саркӯби бераҳмонаи мухолифони сиёсӣ ва расонаҳои мустақил пас аз интихоботи баҳсбарангез дар моҳи августи соли 2020 таҳти фишори байналмилалӣ қарор дошт.                                                                                                                                      Эътирозгарон гуфтаанд, ки интихобот тақаллуб шудааст, дар ҳоле ки ИА, ИМА ва дигар кишварҳо эътирофи натиҷаҳои расмии интихоботро напазируфтанд ва Лукашенкоро раҳбари қонунии кишвар намешуморанд.



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Елена Рыбакина

Обидчица Елены Рыбакиной взяла титул и удивила поступком после триумфа. Фото






Азербайджан объявил Валуева персоной нон грата

СК России разберётся с затянувшейся заменой лифтов в волгоградской многоэтажке

МТС заверил, что никуда не будет передавать данные с mos.ru при аренде самокатов

Постпред России при ООН: Москва поддерживает «рабочий канал связи» с новыми