"Webuild" мегӯяд, ба кори муҳими дигаре дар Роғун оғоз кард
Дар баёнияи расмии ширкат аз рӯзи 15-уми июл омадааст, ки Webuild дар як маросими хос, бо рехтани бетон ба сохтани садди асосии неругоҳ оғоз кард. Дар ин маросим дар рӯзи 13-уми июл Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Пиетро Салинӣ мудири иҷроияи “Webuild” ҳузур доштанд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҳузури коргарони Роғун гуфтааст:”Дар муҳлати панҷ моҳ хобонидани бетони шиббашавандаи таҳкурсии ядрои сарбанд дар ҳаҷми 268 ҳазор метри мукааб ба нақша гирифта шудааст ва ин кор бояд шабонарӯзӣ ба роҳ монда шавад.”
Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, бояд барои суръат бахшидан ба сохтмони сарбанд корҳо шабонарӯзӣ ба роҳ монда шаванд. Неругоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегават дар сурати такмил бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва тавлидоти неруи барқ дар Тоҷикистон ду баробар зиёд мекунад.
Сохтмони неругоҳ дар аҳди шӯравӣ оғоз ёфт ва баъди ба даст овардани истиқлол солҳои тулонӣ қатъ шуд. Айни замон ду турбинаи он мавриди истифода қарор доранд, вале бо вуҷуди ин дар фасли сармо мардум неруи барқи кофӣ намегиранд.
Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, умедвор аст, муассисаҳои байналмилалии молӣ барои анҷоми сохтмони неругоҳ, ки миллиардҳо доллари дигар зарур аст, қарз медиҳанд ва ё кумак мекунанд. Дар гузашта дар бораи сӯистифодаи маблағҳо ва ғайриҳадафмандона харҷ кардани онҳо гузориш шудааст.