Добавить новость
ru24.net
World News
Октябрь
2022

Дар садамаи ҳавопаймои ҷангӣ дар Русия ду халабон кушта шудааст

0
Ду халабони як ҳавопаймои ҳарбӣ, ки дар шаҳри Иркутски Русия ба манзили баландошёна бархӯрд, ҳалок шудаанд.  


Расонаҳои маҳаллӣ бо нашри видео аз маҳалли ҳодиса навиштаанд, ки ҳавопаймои тирандозӣ Су-30  пас аз афтодан таркидааст ва манзили баландошёна оташ гирифтааст.


Сабаби бархурдани ҳавопаймо ба ин манзили зистро ҳанӯз мақомот шарҳ надодаанд.


Игор Кобзев, раиси вилояти Иркутск гуфтааст, ки ду халабони ҳавопаймо ҳалок шуданд, вале сокинони маҳаллӣ зиён надидаанд.


Рӯзи 17-уми октябр низ як ҳавопаймои Русия дар маҳалаи Ейскаи Краснодар ба садама дучор шуда буд. Халабон наҷот ёфт, вале дар ин ҳодиса 15 сокини маҳалӣ кушта шуд ва 19 нафар ҷароҳат бардоштанд.



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса