Ҳафтаи гузашта президенти Тоҷикистон бо имзо гузоштан зери ислоҳи қонуне ҷазо барои “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоиро аз Кодекси ҷиноӣ бардошт. Ҳоло бархе аз пайвандони маҳкумшудагон умедворанд, ки баъди бардоштани ҷазо барои лайк наздикони онҳо озод мешаванд.