Добавить новость
ru24.net
World News
Июнь
2025

Ҷасади як наврасро баъди се рӯз аз канали Сталин ёфтаанд

0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, баъди шаш рӯзи ҷустуҷӯ, ҷасади як писарбаччаи 16-соларо аз об пайдо кардаанд.

Дар хабарномаи расмӣ омадааст, ин писари сокини ноҳияи Вахш, 3-юми июн дар канали Сталин, ғарқ шуд.

Мақомот гуфтанд, наҷотдиҳандагон бо қайиқ ва камераҳои зериобӣ ин писарро ҷустуҷӯ карданд.“Рӯзи 9-уми июн, тахминан 500-550 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса ҷасадро пайдо ва ба пайвандонаш супурданд",-гуфтанд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода. Ҳамасола бо фаро расидани гармиҳо, ғарқшавии наврасону ҷавонон дар Тоҷикистон зиёд сабт мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда борҳо аз волидайн хостааст, фарзандони худро беназорат нагузоранд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса