Добавить новость
ru24.net
World News
Февраль
2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28

Сафари муовини президенти Амрико ба Арманистон

0

Ҷеймс Дейвид Ванс, муовини раисҷумҳури Амрико рӯзи 9 феврал ба Арманистон сафар кард. Ӯ пас аз вуруд ба Ереван -- пойтахти Арманистон, бо Никола Пашинян, нахуствазири он кишвар дидор кард. Ҷеймс Дейвид Ванс баландпоятарин мақомдори амрикоӣ аз ҳукумати Доналд Трамп аст, ки ба Арманистон сафар мекунад.

Ин сафар тақрибан шаш моҳ пас аз он сурат мегирад, ки Арманистон ва Озарбойҷон созишномаи поёни муноқишаи тӯлонӣ бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳиро бо миёнаравии Амрико имзо карданд.

Ба гузориши бахши армании Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ин сафари муовини раисҷумҳури Амрико асосан бар робитаҳои иқтисодӣ байни ду кишвар тамаркуз хоҳад кард.

Кохи Сафед гуфтааст, ки Ҷеймс Дейвид Ванс пас аз сафар ба Арманистон раҳсипори Боку, пойтахти Озарбойҷон мешавад. Ӯ рӯзҳои 10-11 феврал бо мақомҳои озарбойҷонӣ дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса