Добавить новость
ru24.net

World News in Tajik

Новости от Russia24.pro

Russia24.pro Каталог
Май
2026
1 2 3 4 5 6 7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31

Все новости

Эрон гуфт, пешниҳоди Амрикоро баррасӣ дорад

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шаби гузашта гуфт, ки пас аз "гуфтугӯҳои бисёр хуб" дар 24 соати гузашта, эҳтимоли даст ёфтан ба созиш бо Эрон барои поён додан ба ҷанг бисёр зиёд аст. Эрон гуфтааст, ки пешниҳодҳои Амрикоро баррасӣ дорад ва посухашро тавассути Покистон ироа хоҳад кард.

Чаро фоизи қарзи бонкҳо дар Тоҷикистон баланд аст?

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон солҳост, дар бораи боло будани фоиз ва баҳраи қарзи бонкҳо шикоят зиёд аст. Ба гуфтаи муштариён, гирифтани қарз осон аст, аммо баргардонидани он бисёр мушкил, чун бояд аз он пуле, ки гирифтӣ бисёр зиёдтар баргардонӣ. Сабаб чист?

Дилрабо Самадова: Донишҷӯён рӯҳан ба хидмат дар артиш омода нестанд

Ozodi.org 

Дилрабо Самадова, раҳбари Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯяд, ҳодисаҳои мудҳиши марги сарбозон дар артиш бояд ҳамаҷониба тафтиш шаванд ва шаффофияти ин тафтишот барои ҷомеа ва матбуот бояд таъмин карда шавад.

Бадрафторӣ бо сарбозони тоҷик кам шудааст?

Ozodi.org 

Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯяд, ҳоло ҳам ҳангоми даъвати ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ мушкилот вуҷуд доранд. Ӯ афзуд, агарчӣ вазъ дар қисмҳои низомӣ назар ба солҳои гузашта беҳтар шудааст, вале бояд корҳои бештаре дар ин самт анҷом дод.

Ҳабси як зан барои ба худкушӣ расонидани ҳамсари бародараш

Ozodi.org 

Як зани 37-солаи сокини ҷамоати Ворухи Исфараро барои ба худкушӣ расондани ҳамсари бародараш ба чор сол зиндон маҳкум кардаанд. Дар қарори додгоҳ омадааст, ин зан нисбати ҳамсари бародараш "муносибати дағалона нишон дода, ӯро мунтазам таҳқир мекард ва шаъну эътиборашро дар назди дигар аъзои оила паст мезад". Зани маҳкумшуда иттиҳоми эълоншударо дар додгоҳ рад карда, худро бегуноҳ гуфтааст. Аммо Додгоҳи шаҳри Исфара мегӯяд, санҷиши телефони зани фавтида нишон дод, ки ӯ аз муносибати бади хоҳаршӯй ба шавҳараш шикоят кардааст. Читать дальше...

Қабули қонун дар бораи ҳуқуқи шахсони маъюб дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта"-ро қабул кард. Ин қонун 6-уми май тасвиб шуд. Таҳияи лоиҳаи қонун чанд сол аст, ки аз сӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ идома дошт. Ҳадаф аз таҳияи ин санад, таъмини дастрасии баробар ба таълим, тандурустӣ ва ҷойи кор барои маъюбон гуфта шудааст. Лоиҳаи ниҳоии ин қонун, ки аз сӯи вакилон тасдиқ шуд, ҳанӯз расман нашр нашудааст. Читать дальше...

СММ аз гузоришҳо дар бораи шиканҷа дар Тоҷикистон нигарон аст

Ozodi.org 

Як кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи инсон дар Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, аз гузоришҳо дар бораи ҳалокати муттаҳамон ба ҷиноят бар асари шиканҷа, дарёфти эътироф бо зӯру зулм ва бадрафторӣ бо сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ дар Тоҷикистон, нигарон аст.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса