Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июнь
2018

Президенти Узбекистон дар моҳи Рамазон 226 маҳбусро афв кард

0
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 12 июн зери қонуне имзо гузошт, ки бар асоси он 226 маҳбус афв хоҳанд шуд.


Дар Узбекистон бори нахуст бо фармони президент ва бар пояи қисми 23-и банди 93-и Конститутсия бахшида ба моҳи Рамазон маҳбусоне афв мешаванд, ки "аз таҳти дил тавба карда, ба роҳи рост баргаштаанд".


Аз ин 226 зиндонӣ 212 тоашон аз муассисаҳои ислоҳӣ пурра озод шуда, ҳукми зиндони 14 тани дигар кам карда хоҳад шуд.


40 тани афвшудаҳо аз 60-сола боло буда, дар миёнашон 39 шаҳрванди хориҷӣ, 37 зан ва 51 нафари гумонбар ба узвият дар созмонҳои мамнуъ ҳастанд.


Фармони Мирзиёев ҳамчунин вазорат ва ниҳодҳои дахлдори давлатии Узбекистонро вазифадор мекунад, ки ба бозгашти афвшудаҳо ба назди хонаводаву пайвандонашон, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва интихоби тарзи зиндагии солим мусоидат кунанд. 



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса