Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Февраль
2019

Дар Македонияи шимолӣ раиси порлумон ва 2 вазир боздошт шуданд

0
Маъмурони пулис дар Македонияи шимолӣ раиси собиқи порлумон ва ду вазири дигар аз ҳукумати пешинро бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи хушунатбор ба порлумон дар соли 2017 дастгир кардаанд. Додситонҳо рӯзи 20-уми феврал гуфтанд, "амали онҳо баробар ба дасисаи террористӣ бо ҳадафи халалдор кардани сохти конститутсионӣ ва амният мебошад".


Трайко Веляновски, раиси собиқи порлумон, Спиро Ристовски, вазири собиқи маориф, Миле Янакиески, вазири собиқи нақлиётро ба он муттаҳам мекунанд, ки дар ташкили ҳамлаи тарафдорони ҳукумати миллатгарои пешин ба бинои порлумон дар рӯзи 27-уми апрели соли 2017, кӯмак кардаанд.


Веляновски ҳанӯз ҳам раиси порлумон аст ва аз ҳаққи масуният бархӯрдор мебошад. Ӯ баъди раҳоӣ аз идораи пулис дар сӯҳбати кӯтоҳе бо хабарнигорон иттиҳомотро рад кард. Дар ҳамла ба порлумон, ки дар он афроди ниқобпӯш ҳам ширкат карданд, даҳҳо вакили мардумӣ, хабарнигор ва аз ҷумла Зоран Заев, раиси Ҳизби Сотсиал демократ маҷруҳ шуданд.



Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса