Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2021

Асалбегим Саодатова ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон даргузашт

0
Асалбегим Саодатова ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон даргузашт

Асалбегим Саодатова, яке аз ҳунарпешагони шинохтаи тоҷик, ки то охири солҳои 90-ум дар байни мардум бахусус кӯдакон маҳбуб буд, даргузашт. Моҳпайкар Ёрова, ҳунарпеша ва яке аз шогирдонаш рӯзи 4-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Асалбегим Саодатоваи 70-сола, ки солҳои зиёд аз бемории қанд ранҷ мекашид, дар ҳамин рӯз дар шаҳри Душанбе фавтидааст.

Асалбегим Саодатова, ҳунарпешаи кино ва театр, яке аз муассисони Театри Ҷавонони Тоҷикистон буд, ки дар баробари Театри Лоҳутӣ дар замони шӯравӣ маҳбубияти зиёд дошт. Ӯ дар солҳои шӯравӣ бо иҷрои нақши “Аҷузкампир” дар намоишномаи телевизионии “Алифбоҷон Алифбо” маҳбубияти зиёд пайдо кард. Солҳои баъд дар намоишномаҳои гуногуни театрӣ ва филмҳо нақшҳои зиёде офаридааст ва унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро дошт.

Дар яке аз мусоҳибаҳояш бо ҳафтаномаи "Оила" гуфтааст: "Кӯдакони кӯчаи худамон маро дидан баробар “Аҷузкампир омад, гурезед, ки ҳозир қапида мебараду мехӯрад” гӯён, мегурехтанд. Модаронашон бо завқ хандида, онҳоро ором мекарданд, ки натарсед, ин холаатон аст, вай шуморо намехӯрад... "  Ӯ афзудааст, агар фурсату имкон даст бидиҳад, дигарбора ин нақшро бо ҷону дил бозӣ мекунад, чун “Афсона кӯдакро бо баду неки дунё ошно... ва дар руҳияи одамгарӣ тарбия мекунад.”

Моҳпайкар Ёрова ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, маросими видоъ ва дафни Асалбегим Саодатова рӯзи 5-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Александрова не смогла обыграть Саснович и покинула турнир WTA-1000 в Риме






LILA и проект Munterra открыли арабский лаундж в центре Москвы

Тульский «Экспресс Офис» вышел в плей-офф Континентальной футбольной лиги

Минобороны России показало видео с парада Победы в Москве глазами летчиков ВКС

«Все подчинено целесообразности»: куда привели Николая Бухарина его идеи о формировании «нового человека» и «новой морали»