Гузоришҳо: Толибон дар Кобул ташкили ҳукумати навро баррасӣ мекунанд
Як мақоми баланпояе дар сафи Толибон ба шарти ифшо нашудани номаш ба Франс-Пресс гуфтааст, ки ҳаммуассиси гурӯҳ Мулло Абдулғанӣ Бародар дар Кобул “бо раҳбарони ҷиҳодӣ ва сиёсатмадорон ба хотири ташкили як ҳукумати фарогир мулоқот мекунад”. Як мақоми дигари номуайян ба оҷонсии Рейтерс нахост дар пойтахти Афғонистон ҳузур доштани Бародарро тасдиқ кунад.
Интизор меравад, ки дар ҷаласаи раҳбарони Толибон раҳбарони калони шабакаи Ҳаққонӣ ҳам, ки ба Толибон иртибот дорад ва онро ИМА як созмони террористӣ эътироф кардааст, иштирок кунанд.
Толибон ваъда додаанд, ки дар муқоиса бо солҳои 1996-2001, ки дар Афғонистон шеваи усулгароёнаи шариати исломиро ҷорӣ карда буданд, ин навбат як ҳукумати мӯътадил ва “мусбате” месозанд.
Бозгашти Толибон нигарониву тарси амиқи бисёр аъзои ҷомеаи Афғонистонро ба бор овард, чун дар давраи онҳо занону духтарон, аққалиятҳои диниву қавмӣ ва дигарҳо аз ҳуқуқ ва ҳаёти ҷамъиятӣ маҳрум буданд.
