Афзоиши арӯсиҳои кӯдакон дар як соли охир дар Эрон
Дар Эрон иҷоза аст, ки духтарон баъди 13 ва писарон баъди 15-солагӣ оила барпо кунанд. Ба таври истисноӣ бо иҷозаи падарон барпо кардани оила дар синни ҷавонтар аз ин ҳам иҷоза дода мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки омори расмӣ дар бораи издивоҷҳои кӯдакон наметавонад баёнгари вазъи воқеӣ бошад ва ҳолатҳои оиладоршавии кӯдакони зиёди дигар сабтнашуда мемонад. Маркази омори Эрон мегӯяд, ки тахминан 5 дарсади издивоҷҳо дар Эрон марбут ба наврсони зери 15-сола мебошад.
Ҷовид Раҳмон, гузоришгари вижаи СММ оид ба Эрон дар як гузоришаш ба унвонии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар моҳи март тақозо кард, ки ислоҳоте дар заминаи тарзи бархӯрд бо занону духтарон дар Ҷумҳурии Исломӣ барпо шавад, то пеши роҳи издивоҷҳои кӯдакон гирифта шавад. Раҳмон гуфт, ки “дар Эрон то ҳол ба занону духтарон ҳамчун шаҳрвандони дуюмдараҷа муносибат мешавад”.
