Толибони ҳоким дар Афғонистон, ки бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, мегӯянд, ки муолиҷаи нашъамандон яке аз дастовардҳои онҳо аст. Онҳо нашъамандонро аз кӯчаву хиёбон, ё зери пулҳо дастгир карда, ба марказҳои дармони мӯътодон мебаранд. Оё корашон натиҷа додааст?