Human Rights Watch дар гузориши солонааш гуфтааст, ки вазъи ҳуқуқи одамон дар соли 2024 дар Тоҷикистон бадтар шуд. Гузоришро рӯзи 16-уми январ нашр карданд. Радиои Озодӣ дар мусоҳибае аз Ҳю Виллиамсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Дидбони Ҳуқуқи Башар далели чунин хулосаро пурсид.