Дар шаш соли охир хӯроки кӯдакон дар Тоҷикистон беҳтар шуда, ба рушди онҳо мадад кардааст. Агар соли 2017 мизони қадпастии кӯдакони то панҷсола ҳабдаҳуним дарсадро ташкил медод, акнун он то 14 дарсад поин омадааст. Ин нукта рӯзи 21-уми январ дар нишасте дар шаҳри Душанбе садо дод.