Сар аз рӯзи 27-уми январ вазирону раисони кумитаҳо ва ниҳодҳои дигари давлатии Тоҷикистон бо баргузории нишастҳои хабарӣ, ба пурсишҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд. Ин нишастҳо ҳар 6 моҳ як бор доир мешаванд. Радиои Озодӣ аз мардум хиёбонҳои Душанбе пурсид, ки ба вазирону раисон чӣ суолҳо доранд?