Низоми омӯзиши Русия муддатҳо боз абзори қавии нерӯи нарми Маскав дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Аммо дар солҳои ахир ин арса бо пешниҳодҳои ҷаззоби кишварҳои дигар пур шудааст, дар ҳоле, ки мадраки таҳсилии русӣ ба далели инзивои фазоянда аз нуфузи гузашта бархурдор нест.