Раиси Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон гуфт, ки дар соли 2024 ҳар моҳе тақрибан 300-350 тоҷикистонӣ аз Русия ихроҷ карда шудаанд. Ҳабибулло Назарзода рӯзи 29-уми январ дар нишасти матбуотӣ талош кард, нишон диҳад, ки теъдоди онҳо чандон зиёд нест. Хабарнигорон ин оморро зери шубҳа гузоштанд.