Кишти иҷборӣ ва фоидаовар набудани пахтакориву иҷро нашудани нақшаи истеҳсоли он дар соли 2024, дар нишасти хабарии вазорати кишоварзӣ баҳси доғеро ба бор овард. Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфт, пахта зироати муҳими содиротӣ барои кишвараст ва наметавон аз он даст кашид.