Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба нақшаи эҳтимолии ҳамла дар ҷашни Наврӯз дар шаҳри Ваҳдат 30 нафар, бо шумули роҳбари тарҳ Абубакр Ҳикматов, боздошт ва аз 8 то 20 сол зиндонӣ шудаанд. Ҳамчунин пайгарди 10 гумонбари дигар идома дорад.