Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки риояти ҳуқуқи мардум дар кишвар беҳтар шудааст. Ӯ дар як нишасти хабарӣ таъриф кард, ки дар кишвар барои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва таъмини баробарии онҳо қонунҳое қабул шудааст, ки дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ надоранд.