Волидони як ҷавон дар ноҳияи Хуросон ҳафт моҳ боз писарашонро ҷустуҷӯ доранд. Муҳаммад Маҳмадқулови 26-сола моҳи июли соли 2024 ҳамроҳи рафиқонаш ба оббозӣ рафта, дигар барнагаштааст. Дӯстонаш гуфтаанд, ӯ дар дарёи Вахш ғарқ шуд, вале наздикон ҷасади Муҳаммадро пайдо накарданд.