Гулрафтор Норова, модари Фирӯза Норова, сокини ноҳияи Рудакӣ, ки навори латукӯби фарзандаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёдеро ба миён овард, сабаби рафтори духтарашро шарҳ дод. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, духтараш “дар ҳолати афсурдагии рӯҳӣ” даст ба ин кор задааст.