"То 500 миллион доллар." Нақшаи нави Тоҷикистон ва Қирғизистон
Намояндагони ду тараф изҳори умед кардаанд, ки то соли 2030 “додугирифт то 500 миллион доллар” расонда хоҳад шуд.
Ин нақшаҳо рӯзи 4-уми март ҳангоми мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар дар шаҳри Душанбе садо додааст. Ҳайати Қирғизистонро нахуствазир Одилбек Қосималиев раҳбарӣ мекунад.
Мақомот дар Тоҷикистон ҷузъиёт намедиҳанд. Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки мулоқоти сарвазирони ду кишвар – Қоҳир Расулзода ва Одилбек Расулзода – дар “шакли маҳдуд” барпо шуд ва баъди ин нашасти васеи аъзои ҳукуматҳо доир гардид.
Ба навиштаи ҳукумати Қирғизистон, Қосималиев “ба авлавияти рушди муносибатҳои хуб бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон” таъкид ва “саломи гарму ҷӯшони президент Содир Ҷабборов ба Эмомалӣ Раҳмон”-ро расондааст.
Дар суҳбати ду сарвазир "ҳадафи умумии то соли 2030 то ба сатҳи 500 миллион доллар расонидани додугирифтҳои тиҷоратӣ" баён шудааст. Қосималиев гуфтааст, ки кишвараш омода аст барои ба бозори Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баровардани маҳсулоти Тоҷикистон мусоидат кунад.
"Ба аҳамияти роҳандозии ҳарчи зудтари тарҳи CASA-1000 ва эҳёи парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон таъкид шудааст”, -- омадааст дар изҳороти расмии Бишкек.
Мулоқот дар пасманзари созиши муҳими Душанбе ва Бишкек дар мавриди таъйин ва нишонагузории сарҳади ду кишвар сурат гирифтааст. Созиш баъд аз ду муноқишаи хунин дар солҳои 2021 ва 2022, ки аз ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт, роҳро ба эҳёи муносибатҳои хуб ҳамвор мекунад.
Муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон дар чор соли гузашта ба поинтарин сатҳ расида буд. Интизор меравад, ки ҳафтаҳои наздик президентони Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаи марзиро имзо кунанд.
Омори расмӣ мегӯяд, баъди хушунатҳои соли 2021, додугирифти байни ду ҳамсоя беш аз се баробар кам шуд. Агар соли 2020 ин нишондод 37 миллион долларро ташкил медод, соли 2023 он то 12 милилон доллар поин омад.
Бино ба маълумоти омори Тоҷикистон, 93 дарсади додугирифтҳои байни ду ҳамсояро содироти маҳсулот аз Қирғизистон ташкил медодааст.