Ҳукуматро барои маҳви чойхонаи "Роҳат" танқид карданд
"Гурӯҳи 24”, ки дар хориҷ фаъолият мекунад ва дар Тоҷикистон ифротгарову мамнӯъ эълон шудааст, рӯзи 6-уми март дар як баёнияе дар вебсайташ гуфтааст, “ҳеч як миллате, ки худро эҳтиром мекунад, рамзҳои фарҳангии хешро аз байн намебарад.”
Дар байния омадааст, чойхонае, ки "аз соли 1958 пойгоҳи муҳаббат, шеъру адаб ва андешаи миллӣ буд ва дар он шахсиятҳои бузурги тоҷик лаҳзаҳои зиндагии худро сипарӣ кардаанд, ба хотири тамаъ аз байн бурда шуд."
Ба қавли муаллифони баёния, аз байн бурдани чойхонаи “Роҳат” ҳамла ба як бино нест, балки ҳамла ба хотираҳои насли гузашта, ҳофизаи фарҳангӣ ва миллии тоҷикон аст”. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 1-уми марти имсол ба шикастану аз байн бурдани чойхонаи «Роҳат” дар маркази Душанберо оғоз карданд, агарчӣ солҳо боз рӯшанфикрону зиёиён мехостанд, ин бинои қадима бо ороишҳои зебои миллӣ ва дастӣ нигаҳ дошта шавад.
Мақомот мегӯянд, дар ҷойи чойхона, ки дар назди бинои нави азими ҳукумат ҷойгир аст, фаввораҳо сохта мешаванд.