Покистон аз садҳо ҳазор паноҳҷӯи афғон хост, аз он кишвар бираванд
Вазорати умури дохилии Покистон рӯзи 7-уми март дар як баёнияи расмӣ гуфт: “Барномаи бозгардони шаҳрвандони хориҷии ғайриқонунӣ аз рӯзи 1-уми ноябр иҷро мешавад. Барои идомаи иҷрои қарори ҳукумат ҷиҳати бозгардонидани тамоми хориҷиёни ғайриқонунӣ, раҳбарияти кишвар тасмим гирифт, ки афғонҳоеро ҳам баргардонад, ки ҳаққи иқомати муваққатӣ доранд.” Ҳазорон афғонистонӣ, ки аз тарси Толибон аз кишварашон ба Покистон гурехтаанд, аз он бим доранд, ки баъди бозгашт таъқибу саркӯб мешаванд.
Дар баёния омадааст, тамоми шаҳрвандони хориҷии ғайриқонунӣ ва афғонҳои дорои ҳаққи иқомати муваққатӣ бояд то рӯзи 31-уми марти соли 2025 кишварро тарк кунанд ва пас аз он ихроҷ аз рӯзи 1-уми апрел оғоз мешавад. Ҳукумати Покистон аксаран шаҳрвандони Афғонистонро ба ҷинояткорӣ ва ифротгароӣ дар қаламраваш муттаҳам мекунад, агарчӣ ҳукумати Толибон дар Афғонистон ин иддаоро рад кардааст.
Покистон даҳсолаҳо боз як паноҳгоҳи асосӣ барои паноҳҷӯёни афғон ба ҳисоб мерафт ва аз ҷумла дар замони ҳузури нерӯҳои ишғолгари шӯравӣ дар солҳои 1979-1989. Баъди он дар солҳои ҷанги дохилӣ ва ҳукумати Толибон дар солҳои 1996-2001 мардуми зиёде дар Покистон паноҳ бурданд. Баъди аз қудрат рондани Толибон дар соли 2001 ба раҳбарии Амрико, миллионҳо афғон ба ватани худ баргарштанд.
Пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар соли 2021 ва тарки нерӯҳои байналмилалӣ тақрибан 700 000 ҳазор афғони дигар аз бими таъқиб ва раҳоӣ аз азоби иқтисоди вайрону бӯҳрони башарӣ ба Покистон рафтанд. Бар асоси омори Созмони Милал ҳоло бештар аз 800 000 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Афғонистон дар Покистон ҳаққи иқомати муваққатӣ доранд.