"Беш аз 930 кушта". Аз ҳукумати Сурия хостанд, чора ҷӯяд
Волкер Турк, масъули бахши ҳуқуқи башари Созмони Милал, рӯзи 9-уми март дар баёнияе гуфт, “куштани ғайринизомиён дар шимолу ғарби Сурия бояд бас карда шавад.”
Кушторҳо дар Лозақия ҳамлаи маргбортарин алайҳи мардуми осоишта пас аз суқути режими Башор Асад ва ташкили ҳукумати нав дар Сурия унвон шудааст.
Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, рӯзи 10-уми март гуфт, дар чаҳор рӯзи гузашта зиёда аз 930 ғайринизомӣ аз сӯйи нерӯҳои амниятӣ ё ҷангҷӯёни тарафдори ҳукумати Сурия кушта шудаанд. Тасдиқи рақамҳо ба таври мустақилона имконпазир нест.
Даргирии охир пас аз он шиддат гирифт, ки нерӯҳои вафодор ба Башор Асад рӯзи сешанбеи гузашта ду сарбози Вазорати дифои нави Сурияро дар шаҳри Лозақия куштанд. Ба дунболи ин ҳодиса, нерӯҳои ҳукумати нави Сурия ва ситезаҷӯёни пуштибон аз онҳо бо номи поксозии боқимондаҳои режими Асад амалиёти густурдаеро анҷом доданд.
Ҳукумати Башор Асад дар моҳи декабри соли 2024 сарнагун шуд ва гурӯҳи "Таҳрир аш-Шом”, ки дар аксар кишварҳои дунё ҳанӯз террористӣ дониста мешавад, зимоми қудратро ба даст гирифт. Раҳбари ин гурӯҳ Аҳмад Шаръ, ки пештар бо лақаби “Абумуҳаммади Ҷулонӣ” машҳур буд, президенти ҳукумати муваққати Сурия шудааст.