Гурӯҳе аз эътирозгарон рӯзи 9-уми март дар шаҳри Димишқ аз мақомдорони нави Сурия хостанд, ба задухӯрдҳои маргбор, ки боис ба фавти мардуми зиёди мулкӣ гардидаанд, хотима бахшанд. Аз 7-уми март ба ин тараф дар Лозиқия, ҷойи зисти пайравони мазҳаби алавӣ, задухӯрдҳои хунин идома доранд.