Тоҷикистон ихроҷи муҳоҷирони афғонро тасдиқ кард ва сабабҳояшро ҳам гуфт
Мақомоти тоҷик барои бори аввал ба таври расмӣ ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ аз Тоҷикистон ва сабабҳои онро эълон карданд. Дар рӯзҳои ахир мавзуи ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ аз Тоҷикистон, дар расонаҳо сару садоеро ба миён оварда буд.
Маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 19 июл бо нашри як хабарнома, ки онро хабаргузории давлатии "Ховар" нашр кард, ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Тоҷикистонро тасдиқ намуд.
Дар ин хабарнома гуфта мешавад, ки муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, ки бархе онҳо ба таври "ғайриқонунӣ" вориди кишвар шудааанд ва шуморе аз онҳо "низоми муқарраргаштаи будубошро дағалона вайрон мекунанд".
Ба гуфтаи манбаъ, санҷишҳо нишон додааст, ин афрод дар ташвиқу тарғиби ақидаҳои ҳаракатҳои экстремистӣ, пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои соҳиб шудан ба мақоми гурезагӣ, вайрон кардани талаботи низоми муҳоҷират, доштани шаҳрвандии кишвари севум, истифода кардани қаламрави Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ ва муомилаи ғайриқонунини маводи мухаддир, даст доштанд.
Мақомоти тоҷик гуфтаанд, ки берун кардани шумори муайяни шаҳрвандони Афғонистон аз қаламрави Тоҷикистон дар ҳамин чорчӯба сурат мегирад.
Дар изҳороти мақомоти тоҷик гуфта нашудааст, ки чӣ миқдор аз паноҳандагони афғонистонӣ тайи рӯзҳои ахир ба кишварашон ихроҷ кардаанд.
Ҳафтаи гузашта чанд расонаи маҳаллии Афғонистон бо истинод ба манбаъҳои худ хабар доданд, ки гӯё мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирони афғонистонӣ 15 рӯз муҳлат додаанд, то кишварро тарк кунанд.
Сипас, ин ҳафта дар расонаҳо наворҳое нашр шуд, ки эҳтимолан зӯран ба микроавтобусҳо шинонида шудани паноҳҷӯёни афғонистонии муқими Тоҷикистонро нишон медод.
Рӯзи 17 июл шуморе аз муҳоҷирони афғон дар шаҳри Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "се автобуси навъи "Газел" омада даҳҳо нафар, аз ҷумла занону кӯдакон ва мардонро" бурданд.
Ҳамсояҳои тоҷики онҳо ҳам тасдиқ карданд, ки шоҳиди бурда шудани шуморе аз муҳоҷирон буданд ва баъди ин бисёр аз паноҳҷӯёни дигар талош мекунанд дар хона ваё ҷойҳои амни дигаре паноҳ ёбанд, берун набароянд, чун аз боздошту баргаштан ба Афғонистон ҳарос доранд.
Ин муҳоҷирони афғон мегӯянд, ки бо виза ва ба таври қонунӣ вориди қаламрави Тоҷикистон шудаанд ва дар дафтари Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, сабт ҳастанд.
Идораи паноҳандагони СММ дар Тоҷикистон то ҳол мавқеашро дар ин бора баён накардааст.
Дар гузашта Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон чандин бор аз мақомоти Тоҷикистон дархост карда буд, ки паноҳҷӯёни афғонистониро ихроҷ накунад, зеро эҳтимол дорад дар кишварашон бо озору азият рӯбарӯ шаванд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 9 ҳазор шаҳрванди Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо мегӯянд, ки аз тарси "Толибон" ба Тоҷикистон фирор кардаанд.